Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист санаи 2 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар он мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Абдуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Анвар Мақсудов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Наим Маликисломов, намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқдорони соҳа ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Бо сухани табрикӣ Фирдавс Абдуллозода - мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, зимни баромади худ табрикоти Раиси вилоятро, ба самъи ҳозирин расонида кормандони соҳаро, бо иди касбиашон муборакбод намуд. Хамчунин Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Анвар Мақсудов ба сухан баромада, қайд кард, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба соҳаи ҳифзи муҳити зист диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мост.
Дар рафти маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд Н.Маликисломов низ бо суханони табрикӣ баромад намуда, ба 3 нафар аъзоёни фаъоли ҳизб ифтихорнома ва ба 4 нафар кормандон ҳуҷҷатҳои аъзогӣ супориданд.
Аз тарафи меҳмонон барои ноил шудан ба натиҷаи хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ ва бахшида Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ба 3 нафар кормандон сипосномаи Раиси вилоят, ба 5 нафар Ифтихорномаи Раиси Кумита, ба 13 нафар кормандони фаъоли Раёсат ва шӯъбаву бахшҳои шаҳру ноҳияҳо Ифтихорномаи сардори Раёсат ва тӯҳфаҳо, ба 8 нафар собиқадорони соҳа тӯҳфаҳо, инчунин барои инъикоси маводҳои экологӣ дар васоити ахбори умум ба 12 нафар рӯзноманигорон сипоснома ва мукофотҳои арзанда супорида шуд. Инчунин барои дар аксияву чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намудани донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба Донишгоҳҳои олӣ сипосномаву тӯҳфаҳо супорида шуд.
Ба 3 нафар мутахассони соҳа - ғолибони озмуни «Мутахассиси беҳтарин», ки соли равон бори нахуст бо мақсади баланд бардоштани дониши тахассусӣ ва ҳавасманд гардонидани кормандон дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид, диплом ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.