Насби лавҳаи иттилоотӣ

 Бо мақсади ҳифз ва барқарор намудани макони афзоиши парандаҳои нодир ва маҳвшудаистода, бо ташаббуси ташкилоти байналмиллии НАБУ ва иштироки кормандони Раёсат дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Раҳмон-и ноҳияи Ашт лавхаи итилоотӣ насб карда шуд. Мавзеи мазкур ҷойи калидии лонагузории лаклаки сафед буда, айни замон дар ин мавзеъ 28 ҷуфт лаклаки сафед лона мегузорад. Чанде пеш бо мақсади барқарор намудани лонаҳои осебдидаи лаклаки сафед, бо ташаббус ва дастгирии ташкилоти байналмилалии НАБУ, ҳамзамон зери назорати намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ин мавзеъ миқдори лонаҳои вайронгаштаи лаклаки сафед аз нав барқарор карда шуданд.

   Боиси қайд аст, ки лаклаки сафед яке аз нодиртарин намуди парандагони экосистемахои обӣ-ботлоқӣ буда, ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ин парранда дар Тоҷикистон танҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Ашт, Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд сукунат дорад. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри эҳёи макони зист ва афзун намудани саршумори ҳайвонотҳои нодир ва маҳвшудаистодаи вилоят ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) вусъат медиҳад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/753-nasbi-lavha-asht122020.html#sigProGalleria6987a08dc3
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.