Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёи Сир, санаи 9.01.2021 дар шаҳри Хуҷанд, бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар чорабинӣ омўзгорону хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» фаъолона иштирок карда, дар натиҷа 2 километр соҳили дарё, аз он ҷумла минтақаи обутобгоҳи соҳили чапи дарёи Сир аз партовҳо тоза карда шуд.
Дар рафти аксия 250 нафар иштирок намуда, дар маҷмуъ 6 метри мукааб партов аз ҷониби Муассисаи махсуси нақлиётии партовкашонии шаҳр ба партовгоҳ бароварда шуд. Боиси қайд аст, ки дар обутобгоҳи мазкур ҳар саҳар, новобаста аз фасли сол шаҳрвандон бо машқҳои варзишӣ машғул мешаванд ва мунтазам тоза нигоҳ доштани ин минтақа, ки ба саломатии инсон вобастагӣ дорад, мувофиқи мақсад мебошад.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
https://ecosugd.tj/en/news/759-tozagisohil122021.html#sigProGalleriaa3bdee6198