Чорабиниҳои ҳифзи моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2016

Дар асоси моддаҳои 6, 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 8, 32 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва моддаҳои 4, 17 «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳидории Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиии моҳиҳо ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳиҳо, фармоиши сардори Раёсат аз 01.04.2016, №32 «Оид ба гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2016» ба тавсиб расида буд. Дар асоси фармоиши мазкур бо назардошти обу ҳавои сол аз 5 апрел то 20 июни соли ҷорӣ дар обанборҳои вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шуд.

Ситод дар ҳайати 14 нафар бо роҳбарии сардори Раёсат ташкил карда шуда, барои амалӣ гаштани нақша-чорабиниҳои якҷоя 3 маротиба ҷаласаи ситод баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ташкили 4 гурӯҳҳои фаврӣ баррасӣ гардид. Дар маҷмӯъ, давоми беш аз 2,5 моҳ барои ба танзим даровардани моҳидорӣ, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираи  моҳиҳои обанбор ва ҳавзаи дарёи Сир 129 адад амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Нисбати 81 нафар шаҳрвандон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 2027 сомонӣ маблағи зарар ва 105 амрнома оиди манъи сайди моҳӣ пешниҳод гашт. Ҳамзамон, аз шахсони қӯруқшикан 13 адад қаиқ, зиёда аз 25 км тӯрҳои ҳархелаи моҳидорӣ, 10 адад панҷшох, 12 адад шасти моҳидорӣ ва 8 адад либосҳои махсуси резинӣ муваққатан, то баромадани ҳалномаи Суғд боздошт карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.