Ошкори ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон

   Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти шабонарӯзии навбатӣ дар болооби обанбори «Баҳри Тоҷик», минтақаи Қӯқуроқи ноҳияи Ашт ҷойи пинҳонии қонунвайронкунандагон – қӯрӯқшиканоне, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғуланд ошкор намуданд. Лавозимотҳои дар он ҷо дарёфтгардида далели моҳидории ғайриқонунӣ буда, аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки дар давоми 1 - 2 моҳи зимистони соли ҷорӣ шахсони номаълум ин ҷойро сохтаанд. Аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар давоми 2 шабонарўз навбатдорӣ ташкил гардида, ин ҷойи пинҳонӣ зери назорати доимӣ қарор дода шуд, аммо ягон нафар қӯруқшикан ҳозир нашуд. Баъд аз навбатдорӣ, дар рўзи сеюм ҳамаи лавозимотҳои сайди ғайриқонунии моҳӣ ва ба он мусоидаткунанда, худи ҷойи пинҳонӣ несту нобуд карда шуд.

 

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/825-konunvayronkunijrmd032021.html#sigProGalleria71f629963f
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.