Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта истодааст. Бо ин мақсад дирӯз дар шафати роҳи Чашмаи Арзана бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо 500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд, ки 200 бех ниҳолҳои сановбар аз ҳисоби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд харидорӣ гардидааст. Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар маркази вилоят боз 12 намуди ниҳолҳои дарахту буттаҳои бисёрсола ба микдори беш аз 6289 бех шинонида мешавад.
Add comment