Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарфарозию омади кор ва рўзгори бобарорро таманно дорам. Ҳарчанд тоҷикон таҷлили ин ҷашнро аз даври бостон ҳамеша дар рӯҳия ва омодагии бузург қарор додаанд, аммо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати оқилона ва талоши пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки мардуми тоҷик ба арзишҳои суннатии хеш аз нав руҷӯъ намояд ва таомули аз дастдодаи худро бо талабу манфиатҳои имрӯзаи ҷомеа эҳё намояд.
Наврӯз ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рўзгор, таккондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғановат ва омили тақвияти ифтихори миллӣ мебошад. Бигзор Наврӯзи имсола низ барои мову шумо наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад, ба хонаву кошонаи ҳар яки мо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад!