10 май - Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир

  Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир (WMBD) аз соли 1993 инҷониб бо дархости парандашиносони (орнитологҳои) ташхисгоҳи Корнеллии ИМА ҳар рӯзи шанбеи дуюм ва якшанбеи дуюми моҳи май таҷлил мегардад ва асосан дар он ҷо ҷашн гирифта мешавад. Аксарият давлатҳо дар як сол ду маротиба - шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн мегиранд. Ҳадафи ин сана - ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷомеа ба тағироти вазъи глобалии экологӣ мебошад, ки ба нобудшавии экосистемаи манзилҳои парандаҳо ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон мусоидат мекунанд. Инчунин, баргардонидани он шароити табиӣ мебошад, ки барои парандаҳои муҳоҷир ҷиҳати парвариши насл ва муҳоҷират шинос ва қулай мебошанд. Инчунин ба қадри имкон васеътар огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи аҳамияти нигоҳ доштани саршумор ва парандаҳои муҳоҷир мебошад.

  Ҳанӯз дар соли 1918 «Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи парандаҳои муҳоҷир» ба имзо расида буд, ки бо вуҷуди ин мушкилоти марбут ба муҳоҷирати парандаҳоро ҳал намекунад. Санаи экологии мазкур аз соли 2016 инҷониб 10 май таҷлил карда мешавад. Рӯзи умумиҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир маъракаи ҳамасолаи огоҳӣ аст, ки зарурати ҳифзи парандаҳои муҳоҷир ва макони зисти онҳоро нишон медиҳад. Он дорои сатҳи глобалӣ ба ҳисоб рафта, воситаи таъсирбахшест барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷаҳонӣ дар бораи таҳдидҳои парандагони муҳоҷир, аҳамияти экологӣ ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи онҳо. Ҳар сол барои таҷлили ин санаи муҳими экологӣ дар саросари ҷаҳон аксияҳо ва чорабиниҳои гуногун, аз қабили фестивалҳои парандаҳо, барномаҳои таълимӣ, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои экскурсионӣ ташкил карда мешаванд. Ҷолиб он аст, ки ҳамаи ин амалиётҳою чорабиниҳо дар кишварҳо ё минтақаҳои гуногун ҳангоми авҷи муҳоҷират метавонанд дар фаслҳои гуногуни сол баргузор шаванд. Бояд қайд кард, ки айни замон 10% намудҳои парандаҳои муҳоҷир зери хатари нобудшавӣ қарор доранд ва қариб ҳар даҳум намуди парандаҳои муҳоҷир дар хатаранд. Дар кишвари мо, аз он ҷумла дар вилояти Суғд бисёр парандагон баробари саршавии тирамоҳ  ва камшавии  хӯрок ба чойҳои гарм парвоз карда мераванд. Аввалин шуда булбулҳо, заргулдор, достак ва фароштурукҳо кӯч мебанданд. Баъдтар баробари сардшавии ҳаво ғозҳо, мурғобӣ ва турнаҳо мераванд. Аввали баҳор ин парандаҳо боз парвоз карда меоянд. Ба ҷойи зимистонгузаронӣ ва лонагузорӣ парандаҳо бо роҳи муайян парвози роҳи дуру дарозро тай мекунанд, ки онҳоро парандаҳои  муҳоҷир  (сафарй) меноманд. Лаклаки сафед барои зимистонгузаронӣ ба масофаи хеле дур ба Африкои Ҷанубӣ парвоз карда меравад. Парандаҳои боқимонда ба намудҳои муқимӣ ва мавсимӣ мансуб мебошанд.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.