Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйрёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд.
Ба газҳои парникӣ ва гулхонаӣ – СО (оксиди карбон), СО2 (диоксиди карбон), СН 4 (метан), N2O (диоксиди азот), CF4 (перифторидхои карбон), SO2 (диоксиди сулфур) дохил мешаванд. Буриши дарахтону ҷангалзорҳо барои дарёфти ҳезум, майдонҳои бе дарахтро васеъ намуда сабаби зиёдшавии газҳои гуногуни парникӣ, хусусан гази СО2 мегардад, ки ба муҳити зист зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Аз ибтидои асри ХХ то имрӯз сатҳи хориҷшавии гази СО2 дар атмосфера 31% баланд гаштааст. Тибқи сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои парникӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иқлими кишвари мо - Тоҷикистонро асосан гарму хушк, континенталии шадид бо зимистону кӯтоҳи мулоим ва тобистони тӯлонӣ муаррифӣ кардаанд. Иқлими вилояти Суғд низ континенталӣ буда ҳарорати миёнаи моҳи январ (дар водӣ) - 1°С, моҳи июл + 28°С, дар баландии 1000 м бошад мутобиқан – 4°С ва +26°С ташкил медиҳад. Боришот 150 – 400 мм дар як солро ташкил медиҳад. Азбаски вилояти Суғд дар қисми тангнои водии Фарғона ҷойгир шудааст, ин ҷо ҳамеша иваз шудани ҳаво бо вазидани шамолҳо, махсусан дар резишгоҳи дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ба назар мерасад. Боришоти солона дар пастиҳо 100-200 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 300-400 мм мебошад. Зимистон ҳарорати миёнаи муътадил +0,5-2°C, дар ҳудудии кӯҳсор то -6-10°C, дар давраи тобистон ҳарорат то +25+30°C боло меравад. Дар қисмати ҳамворӣ ва наздикӣ нисбатан ҳарорати паст дар қиёс бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷиҳати боришот ҳудуди вилоят назар ба ноҳияи атроф тафриқа дорад. Тафриқа дар арзҳои уфуқӣ дар қаторкӯҳ махсусан бо зиёд шудани баландии қаторкӯҳи Туркистон ва қаторкӯҳи Қурама (аз 5-8 то 13-17 мм ба ҳар 100 м баландӣ) меафзояд. Ин ҳолат дар арзҳои табиӣ махсусан эҳсос карда мешавад. Тағйирёбии иқлим воқеан на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми соҳибдили оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии боду ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, офатҳои табиӣ ин ҳама аз нишонаҳои тағйирёбии иқлим ҳаст. Тағйирёбии иқлим феълан ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал шудааст. Муҳофизати иқлими Замин аз ҳар кадоми мо вобастагӣ дорад. Агар ҳар кадоме саҳми андаки худро дар маъракаи ниҳолшинонӣ, сарфаи нерӯи барқ ва ҳатто кам истифода бурдани нақлиёти шахсӣ гузоранд, ин ҳама дар маҷмуъ бетаъсир намемонад.