Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон 60-умин Ҷашнвораи гул баргузор гардид. Дар ин ҷашнвора ба ғайр аз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз давлатҳои Кореяи ҷанубӣ, Россия, Туркия, Нидерланд ва аз кишварҳои ҳамсоя Кирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ даъват шуда буданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ беш аз 450 нафар соҳибкорон – гулпарварон иштирок намуданд. Боиси қайд аст,ки фестивали гулҳо аз соли 1961 гузаронида шуда, имсол 60-умин солгарди он қайд гардид. Дар таърихи ин фестивал имсол якумин бор қариб 10 миллион кӯчати гулҳо шинонида шуд. Чорабинӣ аз паради мошини гулҳо оғоз ёфта, беш аз 150 адад нақлиётҳои гуногун, аз ҷумла комбайнҳо, тракторҳо, автокранҳо, инчунин техникаи ҳарбӣ, ки бо гулҳои гуногун оро дода шуда буданд, дар кӯчаҳои марказии шаҳри Намангон ҳаракат намуданд. Маросими расмии ифтитоҳи ҷашн дар боғи истироҳат ва фароғати ба номи Захириддин Муҳаммад Бобурӣ оғоз гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо намоишгоҳҳо, намоишҳои мӯд, ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва консерти идона дар боғи “Водии афсона” доир гардид.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

https://ecosugd.tj/en/news/912-festivalgulus062021.html#sigProGalleriab6b47ce8bc