Тибқи супориш ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба сокини деҳаи Чоркуҳ маҳаллаи Сомониён-и шаҳри Исфара манзили истиқоматӣ сохта пурра ба истифода дода шуд. Манзили истиқоматӣ барои як оила иборат аз ду хона ва долон дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ, аз чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон, дарзмол, қолину пардаҳо ва ашёҳои хоҷагидорӣ таъмин мебошад. Сокини деҳаи Чоркӯҳ аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат миннатдории худро баён намуда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.
Add comment