Баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳаво, бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.
Назорати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера
Add comment