Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани вазъи муҳити зист, рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ якҷоя бо дигар сохтору ташкилот як қатор чорабиниҳои экологиро баргузор менамояд.Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи августи соли 2021 лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво» татбиқ гардид. Бинобар ба охир расидани лоиҳа дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввари ҷамъбастӣ бо шиори «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ» гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон призентатсия ва баромадҳо дар мавзӯи «Фаъолият, мушкилиҳо ва натиҷаҳои бадастоварда аз амалишавии лоиҳа», «Презентасия ва пешкаши видеоролик оид ба фаъолиятҳои амалигашта доир ба ҳифзи ҳавои атмосфера», «Маълумоти мухтасар оид ба стансияҳои насбнамудаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва фаъолияти онҳо» ва «Таъсири ифлосшавии ҳаво ба саломатии инсон ва оқибатҳои он» пешниҳод гардид.
Барои муҳокимаи масъалаҳои болозикр тибқи даъват намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, олимон, коршиносон ва намояндагони ВАО ҳузур дошта, ҳамзамон пас аз муҳокимаи маърӯзаҳо саволу ҷавоб ва таклифҳо бобати беҳтар намудани ҳамкорӣ ба амал омад.