Ҳар сол 4 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад.
Дар ҳудуди кишвар 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор, ки дар байни онҳо ҳайвони нодир, чун гӯсфанди Марко Поло, оҳуи хушзоти бухорӣ, ғизол зиндагӣ мекунад. Намояндаҳои зиёди олами ҳайвонот ва рустаниҳои Тоҷикистон ба Китоби байналхалқии сурх ҳамчун навъҳои нодир ва ё аз байнрафтаистода, ки ҳифз ва диққати махсусро талаб менамоянд, ворид карда шудаанд. Аз намуди ҳайвонҳои нодир муфлон (гӯсфанди ёбоӣ)-ро дучор омадан мумкин аст, ки муфлони тоҷикӣ (уриал) сарасли гӯсфандони хонагӣ ба шумор меравад. Муҳофизати олами ҳайвонот яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ буда, шикори намудҳои нодир дар асоси қонун манъ аст. Усул, вақт ва ҷойи шикори ин ё он намудҳои ҳайвонро тавассути қонун муайян мекунанд. Дар ҷумҳурии мо мамнуъгоҳҳои Ромит, Бешаи палангон, Даштиҷум, Зоркӯл ва миқдори зиёди парваришгоҳҳо вуҷуд доранд. Дар ин мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо барои ҳифз ва зиёд намудани шумораи намудҳои нодир корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Дар байни олами ҳайвонот қатори паррандаҳо низ мавқеи хоса дорад. Айни замон олимон муайян карданд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бештар аз 400 намуди онхо вомехӯранд. Дар байни олами хайвоноти гуногунранг, намудҳои аҳамияти шикорӣ дошта аз қабили ширхурон ва парандаҳо истифода бурда мешавад. Яке аз самти ҳифзи олами ҳайвонот ин ҳифзи макони сукунат, афзоиш, лонаҳои тухмигузорӣ ва ғайраҳо мебошад. Дар ин самт бо мақсади барқарор намудани лонаҳои осебдидаи лаклаки сафед 15 адад лонаҳои он дар ноҳияи Ашт аз тарафи Раёсат бо ҳамкории ташкилоти байналмилалии НАБУ барқарор карда шуд. Ҳифз ва нигоҳдории олами ҳайвонот, беҳдошти муҳити зист вазифа ва қарзи ахлокии ҳар як инсони табиатдуст аст.