16 Ноябрь 2023

Озмун – викторинаи экологӣ байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом

  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом байни дастаҳои «Нозирони сабз» аз 6 муассисаҳои таълимӣ озмун – викторинаи экологӣ баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ чунин чорабинӣ гузашта буд, аммо бо ташаббуси худи хонандагон ва омӯзгорон дастаҳои нав ташкил гардида, онҳо дар озмуни мазкур аз рӯи 3 шарт - «муаррифӣ», «видеоролик» ва «викторина» баромад намуданд. Баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мавзӯъ ба «энергияи сабз» ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ бахшида шуда, аъзои ҳайати 4 нафар ҳакамон – намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом баромади дастаҳоро баҳогузорӣ намуданд.  Дар натиҷа дастаи «Сарфакор» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Фурӯзон» аз МТМУ №24 - ҷойи 2-юм ва дастаи «Қувваи барқ» аз МТМУ №46 - ҷойи 3-юм шуда, соҳиби ҷоми озмун, сертификат ва тӯҳфа гардиданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.