07 Февраль 2025
Ишғоли ҷойи намоёни аъзои «Нозирони Сабз» аз шаҳри Истаравшан дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни волонтёрон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Яке аз аъзоёни «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан Маҳмудӣ Меҳрафрӯз ҳамчун волонтёри содиқу вафодор, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёрӣ ба ман чӣ дод?» иштирок намуда, мақоми сеюмро ишғол намуд. Паи ду сол аст, ки Маҳмудӣ М. аъзои раванди «Нозирони Сабз»-и шаҳри Истаравшан буда, дар ҳама чорабиниҳои вилоятиву шаҳрӣ фаъолона иштирок менамояд. Ӯ дар олимпиадаи шаҳрӣ аз фанни физика низ ҷои аввалро ишғол намуда, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», дар даври шаҳрӣ ҷои сеюмро аз рӯи номинатсияи «Физикаи типи нав» ишғол намудааст. Минбаъд, мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф». Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои васеъ гардидани доираи аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз», аз он ҷумла волонтёрон бо муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корбарӣ менамоянд.
Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ифтихори мост!» дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ, бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ифтихори мост!» ташкил ва баргузор намуданд. Дар аксияи мазкур аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзоёни гурӯҳи «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод иштирок дошта, он ба эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бахшида шуд. Дар ҷараёни чорабинии мазкур, масъулин оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба иштирокчиёни аксия варақаҳои иттилоотӣ тақдим намуданд.