25 Июль 2025
Муаррифии нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Санаи 23 июли соли ҷорӣ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимон, мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар ниҳодҳои манфиатдор муаррифии нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2024, №879 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) пазируфта шуд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор Тоҷикистонро дар ин Иттиҳод намояндагӣ мекунад ва Китоби сурх низ мутобиқи талаботи он таҳия шудааст. Соли 2023 бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳияи нашри сеюми китоб оғоз гардид. Дар он маълумот оид ба 304 намуди наботот ва 242 намуди ҳайвонот оварда шудааст, дар ҳоле ки нашри қаблӣ (солҳои 2015) 267 намуди растанӣ ва 222 намуди ҳайвонотро дар бар мегирифт.