11 Сентябрь 2025
Машварати корӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар толори маҷлисгоҳи хурди Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони сарраёсат, нозирони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, роҳбарону намояндагони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, КВДК «Хуҷандобуканал», Сарраёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ (минтақаи фаввораҳо), КВДК «Хизматрасонии нақлиётии санитарии шаҳри Хуҷанд», хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов машварати корӣ баргузор гардид. Дар рафти машварат аз ҷониби муовини сардори сарраёсат Абдумаликзода Б.А. талаботи имрӯзаи роҳбарияти вилоят ва мақомоти ҳифзи муҳити зист нисбати ҳолати санитарию экологии минтақаҳо, қаддӣ роҳҳои нақлиётгард, атрофи партовгоҳҳо, хусусан дар минтақаи «Рухак»-и ноҳияи Б.Ғафуров, тибқи ҷадвал саривақт баровардани партовҳо аз нуқтаҳои ҷамъоварии муваққатӣ ва рангу бори қуттиҳо, ифлос кардани замин бо партовҳои бесоҳиб, пешгирии ифлосшавии оби дарёи Сир бо партовобҳои иншооти партовобтозакунӣ, таъмини обёрии дарахтону ниҳолҳои шинонидашуда дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд, ба назар расидани дарахтони хушк дар шафати роҳҳои асосӣ ва дигар масъалаҳои ба беҳбудии ҳолати экологӣ вобаста ба самъи иштирокдорон расонида, муҳокима карда шуд.