20 Февраль 2026
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои ниҳолшинонӣ ва аксияҳои экологӣ оммавӣ баргузор гардида истодааст
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о назардошти мусоид омадани обу ҳаводар миқёси вилояти Суғд маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ оммавӣ баргузор гардида истодааст. Давоми ҳафтаи охир дар рафти аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» беш аз 8400 нафар намояндагони корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон иштирок дошта, дар натиҷа 5,2 км ҷӯйбор, 26 км қади шоҳроҳ ва роҳҳо, 6 км соҳилҳои манбаъҳои обӣ аз партовҳои гуногун тоза ва ба партовгоҳҳо зиёда аз 160 метри мукааб партовҳо интиқол дода шуданд.Дар баробари ин, корҳои тоза кардани қади шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва бартараф кардани нуқтаҳои партовҳои бесоҳиб ба сомон расонида шудааст. Татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амал барои солҳои 2025 – 2027 ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дарвилояти Суғд ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои рафти маъракаи ниҳолшинони ба ҳолати 17.02.2026 ҷамъбаст гардид. Мутобиқи маълумот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 80465 бех, аз он ҷумла ниҳолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабз - 27012 бех, сояафкан – 11857 бех, мевадиҳанда – 37906 бех ва тут – 3690 бех шинонида шудааст. Тибқи нақшаи амал дар соли 2026 дар маҷмуъ, 600 ҳазор бех ниҳол дар миқёси вилоят шинонида мешавад ва маъракаи мазкур оммавӣ идома дорад.
Идомаи чорабииҳои ниҳолшинонӣ ва ободонӣ дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар Гулистон, ҳамчун шаҳре, ки дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» бисёр минтақаҳои истироҳатӣ дорад аз миқёси ҷумҳурӣ ва аз он берун, давлатҳои дуру наздик дар давраи истироҳати фасли тобистонбениҳоят миқдори зиёди сайёҳон ташриф меоранд. Бо ин сабаб ҳар ҳафта бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр дар минтақаҳои гуногун аксияҳои экологӣ ва дигар чорабиниҳои ба ободӣ равонгардида гузаронида мешаванд. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон рӯзи истироҳат бо иштироки 100 нафар шаҳрвандон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ»-ро ташкил гардида, дар доираи онҳо 3,7 км қади роҳтоза ва 4 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуд.Ғайр аз ин, дар қароргоҳи шаҳри Гулистон, ки наздикии МД «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Б.Ғафуров ҷойгир шудааст, корҳои кабудизоркунии саҳни бино ва ҳудуд бо шинонидани ниҳолҳои намуди гуногуни дарахтони ҳамешасабз амалӣ гардида истодааст. Дар маъракаи ниҳолшинонии рӯзҳои охир дар қароргоҳи мазкур баргузоргардида, 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкани шинонида аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд таъмин карда шуданд.


