11 Август 2026
Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Т
ибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2005, №АП – 1677 ва ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, санаи 4 августи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи калони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят нишасти матбуотии якҷояи чор сохтори вилоятӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 доир гардид. Аз тарафи сохторҳо раиси Кумитаи идораи замини вилоят Толибзода Т., муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Розиқзода Н., муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маҳмудзода А. ва муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҳоҷиев Ҳ. иштирок дошта, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла мухбирони рӯзнома ва маҷаллаҳои марказию маҳаллӣ, оҷонсиҳои иттилоотӣ, намояндагони телевизион ва радио, инчунин як қатор рӯзноманигорони мустақил, таҳлилгар, коршинос ва собиқадори соҳаи матбуот, дар маҷмуъ 43 нафар иштирок доштанд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шоҳроҳи Хуҷанд - Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА ноҳия ирсол гардид.


