09 Ноябрь 2026
Ҳамкории созанда баҳри ҳифзи парандагон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Т
абиат сарвати бебаҳои инсон буда, ҳифзу нигоҳубини он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин раванд, муносибати ғамхорона ба олами ҳайвоноту наботот, бахусус паррандагон, яке аз самтҳои муҳими тарбияи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи паррандагон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фасли зимистонгузаронии онҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, дар доираи ҳамкории судманд байни ташкилоти ҷамъияти “Садо” ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иқдоми неку хайрхоҳона роҳандозӣ гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Садо” Асадуллозода М. ва дар ҳамкории шӯъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Қурбонзода А. ва боғбонони муассиса ба иҷро расонида шуд. Дар доираи ин ташаббуси хайрхоҳона дар ҳудуди боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ барои паррандагон лонаҳои сунъӣ, донхӯракҳо ва зарфҳои махсуси ғизодиҳӣ омода ва дар қисматҳои гуногуни дарахтон насб карда шуданд. Ин иқдом на танҳо як амали одии ғамхорӣ нисбат ба мавҷудоти зинда, балки намунаи равшани масъулияти иҷтимоӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созандаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.


