Все статьи
25 Август 2020
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 650 нафар ҳашарчиён аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Рафти аксия 500 метр ҷуйборҳо ва 2000 метр қадди роҳҳо, 500 метр заҳбуру каналҳо тоза карда шуданд. Дар натиҷаи аксия 26 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани љашни мазкур дар ин минтақа корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Бо баробари гузаронидани хашару шанбегиҳо дар шаҳри Панҷакент инчунин бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ дар мамнунъоҳи Саразми бостонӣ 15 бех дарахти бед шинонида шуда дигар корҳои ободонӣ идома дорад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода дар ноҳия ксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту идораҳо ҳамагӣ 420 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия кӯчаҳои марказии ноҳия бо истифодаи 1 адад техника тоза карда шуда, 5 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии махал ва роҳ» дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Санаи 22 август дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» бо иштироки дастҷамъонаи қариб 1,5 ҳазор аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо доир гардид. Ҷараёни аксия 2400 метр ҷуйбор тоза карда шуда, роҳравҳо ба масоҳати 2 ҳазор метр таъмир гардид Инчунин ба партовгоҳи шаҳр 16,5 м3 партов бароварда шуд.
Шанбегӣ дар ноҳияи Б.Гафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки кормандони хамаи сохторҳои ноҳия новобаста аз рӯзи корӣ баргузор шуд. Дар аксия 1065 нафар иштирок намуда, ҳудуд ба масофаи 12594 м2 ва қадди роҳҳо 15770 м. тоза карда шуд. Ба партовгоҳи ноҳия 31,4 м3 партов бароварда шуд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар ноҳияи Ҷ.Расулов амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.
Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳашари дастаҷамъона дар ноҳияи Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ бо иштироки аҳолӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии ноҳия ҳашари дастаҷамъона баҳри тозагии муҳити зист анҷом дода шуд. Дар ин чорабинӣ, ки ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳия бо масъулияти баланди шаҳравандӣ иштирок намуда, дар тозагиву ободии гӯшаи диёри худ саҳмгузор шуданд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Исфара амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.
Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуда, нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие,ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Амалиёти назоратӣ дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар вақти гузаронидан амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар шаҳраки Адрасмон-и шаҳри Гулистон ҳангоми ғайриқонунӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум шаҳрванд Юлдошев А. ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати қонуншикан бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристода шуд.
Насби шиори экологӣ дар ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар роҳи асосии Хуҷанд – Шайдон шиори экологӣ бо андозаи 2х 4 метр, бо навиштаҷоти «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» насб карда шуд. Насби дигар шиорҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳия дар назар аст.


