Все статьи
13 Апрель 2020
Аксияҳои "Тозагии маҳал", "Тозагии соҳил" ва "Тозагии роҳ" дар миқёси вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри иҷроиши нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо мақсади густариши корҳои ободонию кабудизоркунӣ санаи 11.04.2020 дар тамоми шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд аксияҳои "Тозагии маҳал", "Тозагии соҳил" ва "Тозагии роҳ" баргузор гардид. Дар аксияҳои мазкур беш аз 11567 нафар иштирок намуда, 19636 метр ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш, 23673 метр қадди роҳҳо аз партовҳо тоза ва беш аз 121,6 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ ҷойгиронида шуданд. Ҳамчунин дар доираи чорабинии мазкур тоза намудани маҳалҳои аҳолинишин – 24867 м2, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ва бартараф намудани нуқтаҳои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳои бесоҳиб бо ёрии техникаҳои зарурӣ, тоза намудани сохилҳои манбаъҳои обӣ – 10830 метр, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан – 2180 бех, ва сафед намудани роҳгаштҳо-2100 метр ба иҷро расонида шуд.
11 Апрель 2020
Саҳми ихтиёриён дар беҳбудии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар самти ҳифзи муҳити зист аз ҷониби бахши кор бо ҷавонони шаҳри Исфара вохӯрӣ бо ҷавонон – ихтиёриёни бахш доир гардид. Зимни вохӯрӣ мудири бахш ба ҷавонон –ихтиёриён доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар аксияҳои экологӣ, саҳми чавонон дар ҳифз ва беҳбудии муҳити атроф қайд карда шуд.
Корҳои ободониву гулзоркунӣ дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади гулзоркуниву сабзу хуррамгардонии ҷамоату маҳаллаҳои н.Спитамен як қатор корҳо амалӣ гардида истодаанд. Чуноне, ки бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен маълумот дод, дар кӯчаҳои марказии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ зиёда аз 120000 шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ идома дорад.
09 Апрель 2020
Ҳашар дар ноҳияи Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон сокинони дорои касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда истодаанд. Бино ба иттиллои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ дар кӯчаҳои протоколии ноҳия гулҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони сояафкануҳамешасабз шинонида шуда, баҳри ободу зебо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ идома дорад.
Партовгоҳи ноҳияи Зафаробод хокпӯш карда шуд.
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» ноҳияи Зафаробод партовгоҳи марказӣ хокпӯш карда шуд. Масоҳатиумумии партовгоҳ 2,30 гектарро ташкилдода, барои чорабинии мазкур аз тарафи корхонаи мазкур 11,3 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.
Иҷрои фармоиш таҳти назорат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдориизахираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят ва шароити мусоид фароҳамовардан ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №18аз 31.03. соли 2020, дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят сайди моҳӣ манъ гардидааст. Вобаста ба иҷрои фармони мазкур ситоди вилоятӣ ташкил карда шуда, дар шаҳру ноҳияхо корҳои муайян амалӣ гардида истодааст.
Дирӯз аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истаравшан дар бозори марказии шаҳр варақаҳои иттилоотӣ насб карда шуда, корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд ва ба масъулоне, ки бо хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ машғуланд, амрномаҳо дода шуд.
Баррасии муроҷиати шаҳрванд дар заминҳои ҳамсарҳади ноҳияи Спитамен ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар асоси муроҷиати телефонии сокинони маҳаллаи «Ҷомӣ», шаҳри Бекободи вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ва дар асоси фармоиши сардори Раёсат аз 1 апрели соли равон аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат дар ҷояш баррасӣ гардид. Дар натиҷа муайян гардид, ки аз тарафи сокинони ноҳияи Спитамен дар асоси қарори раиси ноҳия ва сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин корҳои сохтмонӣ оғоз карда шуда, 3 бех дарахтони чинор ва акация беиҷозат бурида шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур санад барои андешидани чораҳои конуни тарт иб дода шуда, аз раиси маҳаллаи «Ҷоми» маълумотнома ва ибрози муроҷиаткунандагон гирифта шуда, маводҳо ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ пешниҳод карда мешавад. Баррасии ҳолати мазкур ба воситаи телефонии мобилӣ сабт карда шудааст.
07 Апрель 2020
Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 5500 - солагии шаҳри Саразм
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 5500 - солагии шаҳри Саразми бостонӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар миқёси шаҳр як қатор корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Чӣ тавре, ки аз бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент иттилоъ дода шуд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар назди мамнуъгохи таърихии Саразм 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва гулбуттахо ва дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ниҳолҳои сӯзанбарг ба миқдори 2200 бех шинонида шуд.
Шанбегӣ дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 апрели соли равон бо иштироки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони идораву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дар шанбегии умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд. Ҳашарчиён дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партовҳои истеъмолӣ тоза намуда, аз ҷониби гулпарварон гулҳои баҳорӣ дар қадди роҳҳо шинонида шуд.
Корҳои ободонӣ дар шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ босуръат идома дорад. Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бустон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати зебову хуррамгардонӣ дар кӯчаҳои протоколии шаҳри Бӯстон – хиёбони Сомониён, К.Хуҷандӣ ва Б.Ғафуров корҳои гулзоркуниву ободонӣ гузаронида шуда, дар қадди роҳҳо 2 ҳазор дарахтони ороишӣ, 10 ҳазор гули лола, 15 ҳазор гули садбаргва 10 ҳазор гули мавсимӣ шинонида шуд.


