Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 апрели соли равон бо иштироки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, кормандони идораву ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд дар шанбегии умумишаҳрӣ иштирок намуда, ҷиҳати боз ҳам зебову хуррам гардидани шаҳри бостонии Хуҷанд ҳиссагузорӣ намуданд. Ҳашарчиён дохили маҳаллаҳоро аз ҳамагуна партовҳои истеъмолӣ тоза намуда, аз ҷониби гулпарварон гулҳои баҳорӣ дар қадди роҳҳо шинонида шуд.
Тозаву обод намудани махали зист ва бо хамин васила баланд бардоштани маърифати экологӣ кафолати ояндаи солим барои инсон маҳсуб меёбад.
Добавить комментарий