Все статьи
26 Апрель 2024
Мизи мудаввар бахшида ба ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Д
ар толори факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21-уми март - «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Маркази обуҳавосанҷии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маориф, олимон ва устодони факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» ва факултети «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд, васоити ахбори омма иштирок ва баромад намуданд.
Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки хонандагон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон, ташаккули мавќеи фаъол ва ҷалби онҳо ба ҳалли муаммоҳои экологӣ, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва ҳамкории шуъбаи маорифи ш.Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабиниҳои экологӣ хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 9, 23 ва Муассисаи таълимии давлатии мактаб барои хонандагони болаёқат ҳамагӣ 200 нафар иштирок доштанд. Сарраёсат иштирокчиёни аксияро бо футболка ва сарпуш, халта барои ҷамъоварии партовҳо ва дастпӯшак таъмин намуд. Иштирокчиёни аксия роҳҳои протоколӣ ва заминҳои ҳамшафати онҳоро аз партовҳои маишиву пластикӣ тоза ва ҳамагӣ 90 халта партов ҷамъоварӣ намуданд.
19 Апрель 2024
Руйпӯш намудани партовгоҳ дар ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
аҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ ва санитарӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич партовгоҳ руйпӯш карда шуд. Партовгоҳ дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки деҳаи Қалъачаи азим ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 1,5 гектарро ташкил медиҳад.
Насби лавҳаҳои экологӣ дар шаҳри Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
аҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии шаҳри Исфара ва шоҳроҳ баннерҳои экологӣ насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ – ин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аз партов мебошад. Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологиву иттилоотӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.
Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади ташвиқу тарғиби муҳити тозаву обод, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар кӯчаҳои марказии шаҳр 3 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ин иқдом аз татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф аз партов, сарсабзу хуррамгардонӣ сарчашма мегирад.
Ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ҷ
иҳати сабзухуррамгардониимуҳитизист, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи маъракаи ободонию кабудизоркунӣ дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан 850 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд. Чорабинӣ бо иштироки фаъолонаи аҳолии ҷамоату деҳотҳои шаҳр доир гардид. Тибқи маълумоти бахши муҳити зист дар шаҳри Истаравшан аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда 73630 бехро ташкил дод.
Вохӯрии мутахассисони соҳаҳо бо донишҷӯёни мактаби олӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ - амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти сохторҳо дар толори китобхонаи факултети муҳандисӣ – технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохӯрии намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд бо донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и ихтисосҳои «экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ» ва «истеҳсол, нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ» доир гардид. Дар навбати худ аз тарафи сармутахасиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат дар бораи фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, муаммоҳои экологӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои об, гармшавии иқлим, олами набототу ҳайвонот, қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маълумот доир ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ пешкаши донишҷӯёну устодони иштироккарда гардид.
17 Апрель 2024
Амалиётҳои назоратӣ дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
А
з тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар ҷамоати деҳоти Фирузоба ва Пулотон минтақаи болооби обанбори Баҳри Тоҷик сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ ошкор карда шуд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони шаҳрҳои Конибодом ва Исфара содир карда шуда, дар маҷмӯъ 41 сар намуди гуногуни моҳӣ мусодира карда шуд. Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 3 ҳазор сомониро ташкил дод. Маводҳо барои чораандешӣ ба прокуратураи шаҳри Конибодом фиристода шуд.
Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади иҷрои фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 36 аз 29.03.2024 сол ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд«Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2024» аз тарафи кормандони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо гузаронидани амалиётҳо идома дорад. Чунин амалиётҳо дар бозорҳо, нуқтаҳои фурӯши моҳӣ,бозорҳои марказӣ ва ошхонаю тарабхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, ба маъмурият барои дар давраи тухмгузорӣ ба хариду фурӯш ва пухтупази моҳӣ роҳ надодан амрномаҳо дода шуд. Дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар дохили бозорҳо лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти сарраёсат ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 50 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.


