Дар толори факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва санаи 21-уми март - «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳри Хуҷанд, Маркази обуҳавосанҷии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шуъбаи маориф, олимон ва устодони факултети геоэкологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» ва факултети «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд, васоити ахбори омма иштирок ва баромад намуданд.
Дар навбати худ, зимни баромад аз тарафи намояндаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ба иштирокдорон дар бораи муаммоҳои ҷаҳонии экологии замони муосир, аз он ҷумла дар самти ҳифзи захираҳои об, ҳавои атмосфера ва партовҳои пластикӣ, гармшавии иқлим ва таъсири он хоҷагии халқ, муҳимияти қабули қонуну қарор ва Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин доир ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумот пешниҳод гардид. Боиси қайд аст, ки баргузории чорабиниҳои мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» мувофиқи мақсад мебошад.