Все статьи

15 Ноябрь 2025

Чорабинии омӯзишӣ барои омӯзгорони барномаи «Нозирони сабз» дар шаҳри Гулистон

  Тибқи нақшаи ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дар толори Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон давоми ду рӯз чорабинии омӯзишӣ барои 32 омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят — намояндагони 17 мактаби мақсаднок ва Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, инчунин 15 мактабе, ки дар онҳо ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» амалӣ менамояд, баргузор гардид. Барномаи чорабинӣистифодаи самараноки «Роҳнамои омӯзишӣ оид ба таълими иловагии экологӣ»-и навшуда, татбиқи усулҳои интерактивии таълим ва иштирок дар ташаббусҳои экологиро дар бар мегирифт.

Читать далее

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори маҷлисгоҳи сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Деҳқонова Гулчеҳра маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори сарраёсат Холзода Суҳроб Хол бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Бо  иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид. Таъкид гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар сокини кишварро вазифадор месозад, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бар-доштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷриба  ба кор бурда мешавад.

Читать далее

13 Ноябрь 2025

Насби баннерҳои экологӣ дар роҳи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ 3 адад ва даромадгоҳи ноҳия 2 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ҳадаф аз насб намудани баннерҳои экологӣ дар шоҳроҳҳо  ҳангоми ҳаракат дар роҳ  аз дохили нақлиёт напартофтани партовҳо ба канори роҳҳо ва тозаву озода нигоҳ доштани шоҳроҳ мебошад.

Читать далее

Амалиётҳои назоратӣ дар самти ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратии шабонарузӣ аз тарафи мутахассисони сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум дар мавзеи кӯҳи Муғул 4 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор карда шуданд. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон барои вайрон намудани моддаҳои 2 ва 8 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», мутобиқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

11 Ноябрь 2025

Ҷаласаи навбатии назди сардори сарраёсат

  10 ноябри соли ҷорӣ  маҷлиси навбатии назди сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаи корҳои иҷрогардида дар ҳафтаи сипаришуда мавриди  таҳлил қарор гирифта, ба сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва дигар кормандони масъул вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳо, ситонидани маблағҳои ҷаримаву зарари муқарраргардида, иҷрои босифати барномаҳои давлативу соҳавӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ  вазифагузорӣ карда шуд. Ҳамзамон рафти ҷаласа корманди ботаҷрибаи соҳа Шораҳматов Шорозиқ дар фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд. Роҳбарияти сарраёсат ба Шораҳматов Шорозиқ барои хизматҳои софдилонаю содиқона дар тайи солҳои зиёд миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ў бо таҷрибаи бойи андўхтаи худ ба кормандони ҷавони  мақомот роҳнамо хоҳад шуд.

Читать далее

Таъсири сўзонидани хазон ба муҳити зист

  Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи муҳити зист сўзонидани хазон ва партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ин самт корбариро пурзўр намуда,  давоми  нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои сўзонидани хазон ва партовҳо дар миқёси вилоят 735 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд. Қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафар-обод, Мастчоҳ, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Исфара, Истаравшан ва Шаҳристон нисбатан зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Читать далее

Амалиётҳои назорати давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист мақомоти назоратӣ буда, татбиқ ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист" -ро таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Ҳамзамон тибқи банди 1-и моддаи 39 қонуни мазкур иҷрои корҳои омодасозӣ дар маҳал, сохтмон, таъмиру таҷдиди объектҳо, сарфи назар аз шакли моликияту тобеияташон, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст. Чунончи ҳангоми гузаронидани амалиётҳои назорати давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва аз назаргузаронии иншоотҳои ҷашнии сохта ба истифода дода шуда, маълум гардид, ки дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бе гирифтани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ иншооти ёрирасони иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки бар хилофи талаботҳои қонун мебошад. Аз тарафи мутахассисони сарраёсат нисбати шахсони масъули муассиса протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

05 Ноябрь 2025

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати 31-солагии рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як воқеаи тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гардид. Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Конститутсия қонуни асосии ҷомеа ва давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар амалӣ гардидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдории бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ба ифтихори 31-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корман-дону мутахассисон, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дустдорони табиатро самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидон орзу менамоям.

Читать далее

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ  доир гардид. Муовини сардори сарраёсат Абдумаликзода Б.А. зимни баромад  кормандони соҳаро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику тахният гуфта, кайд намуд, ки бо шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Бо назардошти меъёрҳои инсондўстона ва фарогирии манфиатҳои олии миллату давлат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дошта, хамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд азизу муқаддас ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон кормандони соҳа баромад намуда, изҳор карданд, ки минбаъд низ ҷихати бо ҳисси масъулиятшиносиву ватанпарастӣ иҷро намудани талаботҳои қонунгузории мамлакат ва иҷрои вазифаҳои масъулиятноки давлати фаъолиятро боз ҳам ҷоннок менамоянд.

Читать далее

04 Ноябрь 2025

Экоплоггинг дар шаҳри Хуҷанд

   Рӯзи 2 ноябр 33 нафар иштирокчиён дар шанбегӣ- экоплоггингдар гирду атрофи Боғи ботаникии Хуҷанд ширкат карданд. Ин ташаббуси дӯстдорони давидан @Dav.tj ва волонтёрони экологӣ @Ecoproaсtive дар асл ба чорабинии ғамхорӣ ба табиат табдил ёфт. Экоплоггинг - фаъолиятест, ки дар Шветсия оѓоз гардида, давиданро бо ҷамъоварии  партовњо мутаҳҳид месозад ва ҳоло дар ҷаҳон хеле маъмул гардидааст. Дар давоми 3 соат иштирокчиён зиёда аз 800 кг партовҳои гуногунро ҷамъоварӣ намуданд. Воқеан дар аксия варзишгарону фаъолон бо фарзандони худ ҳамроҳ шуданд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва бештар намудани ҳисси  ватандўстиву ғамхорӣ нисбат ба табиат мусоидат менамояд. Чорабиниро викторинаи экологӣ байни иштирокчиён,  тақдими тӯҳфаҳо  ва шириниҳо басо хотирмон намуд. Бори дигар исбот гардид, ки ғамхорӣ ба худ ва саломатии инсон  - ин ғамхорӣ ба муҳити зист маҳсуб меёбад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.