Все статьи
06 Март 2020
Кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Б
о баробари фарорасии фасли баҳор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара корҳои ободонию сабзкорӣ вусъати тоза мегиранд. Чун анъана исфарагиён бо мақсади ба диёри ҳамешасабз табдил додани шаҳр рӯзҳои истироҳати гузашта бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳашари ободонӣ баромада, дар анҷоми умури тозакуниву ободонӣ ва гулу ниҳолшинонӣ ширкат намуда, саҳми худро барои сабзу хуррам гардони шаҳр гузоштанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо рафти корҳои тозаю ободсозӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии шаҳр шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуд.
04 Март 2020
Ниҳолшинонӣ дар н.Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллии дар пешистода, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такон бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар хоҷагии деҳқонии "Ботуршоҳ"-и ноҳияи Ашт аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар канори роҳи асосии Ашт - Хуҷанд 100 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.
02 Март 2020
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвият ва густариши корҳои ободонӣ, хуррамгардонӣ ва сабзкорӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад. Дар минтақаи шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон боғи нави дарахти сӯзанбарг ифтитоҳ гардид. Боғи мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ ташкил гардида дар он 200 бех дарахти сӯзанбарг шинонида шуданд.
Ҳамзамон, дар соҳили “Баҳри тоҷик”, як ҳазор дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд. Тибқи иттилои сардори КВД ХМК-и шаҳр Фирӯз Шарифӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои марҳилаи аввали ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шинондани беш аз 260 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва ҳолландӣ дар маркази шаҳр пешбинӣ гардидааст.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен маъракаи дарахтшинонӣ ва аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар қадди роҳҳо зиёда аз 50 бех ниҳолҳои ардач шинонида шуд.
Корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент босуръат идома дорад. Дар ин раванд дар шаҳри Панҷакент аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ва коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Рафти аксияҳои мазкур 5,2 км ҷуйборҳо, 2 км сою селравҳо ва 1,5 км соҳилҳо тоза карда шуда, 37 тн партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар н.Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ба истиқболи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад.Дар асоси нақшаи кории шуьбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Ғозиён, Зарзамин, Д.Холматов, Х.Усмонов ва минтақаи Сартуқай бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо, намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Рафти аксия ба масоҳати 47 км ҳудуд ва ба масофаи 6,6 км ҷӯйборҳо тоза карда шуда, 51,43 тн партовҳо бароварда шуд. Баргузории аксия тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ намоиш дода шуд.
26 Февраль 2020
Вохурӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар мактаби № 4-и ш.Истиқлол бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб вохӯрӣ бо иштироки намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол ва намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят доир гардид. Рафти вохӯрӣ намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Истиқлол оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист баромад намуд. Намояндаи Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, гузаронидани корҳои садамавӣ наҷотдиҳӣ ва дигар мавзуҳои ба соҳа алоқаманд суханронӣ намуд.
Амалиётҳои фаврӣ дар н.Айнӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти н.Айнӣ дар деҳаи Хушекат маълум гардид, шаҳрванд Бобоҷонов Ҳақназар корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Нури Дар-Дар» Хушекат ҳангоми фаъолияти корӣ ба тозагии гирду атрофи нуктаи фурӯши сузишворӣ риоя накарда, қуттиҳои пластикӣ ва партовҳоро ба саҳни бино ва ҷуйбори обрави роҳи мошингард партофтааст, ки ин кирдораш бар хилофи талаботи Қонуни ҳифзи муҳити зист мебошад. Нисбати Бобоҷонов Х. дар асоси моддахои 232, 177 протоколи хукуквайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аксияи «Тозагии роҳ» дар н.Ҷ.Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои давлатии дар пешистода, ҷиҳати тозаву обод намудани қадди роҳҳо бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов имрӯз дар қадди роҳи Деҳмой- Б.Ғафуров аксияи " Тозагии роҳ" ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 140 нафар ҳашарчиён - намояндагони муассисаи давлатии нақлиёти роҳи автомобилӣ, идораи давлатии бехдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия, ҶДММ «Ганҷи ҳилол» ва мактаббачагон иштирок доштанд, ки дар натиҷа 3,4 км қадди роҳ аз партовҳо тоза карда шуд.
25 Февраль 2020
Мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хучанд бо овезаҳои калонҳаҷм шаҳрвандонро ба беҳдошти муҳит даъват менамояд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Гагарини шаҳр ду адад овезаҳои тарғиботии калонҳаҷм насб гардиданд. Мазмуни ин овезаҳо ба самти беҳдошти иқлим, тоза нигоҳ доштани табиат бо тасвири аксҳо таҳия гардида, ҳамзамон суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи табиат, аз ҷумла: “Мо бояд ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем”, навишта шудааст.


