Все статьи
24 Декабрь 2018
Насби лавҳаҳои экологӣ дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гаштааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо баҳри беҳдошти муҳити зист дар ҳудуди шаҳр, беҳбуд бахшидан ба корҳои ободонӣ, бартараф кардани партовҳо аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
Ҷаласаи комиссияи вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Ҷ
иҳати натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2018, санаи 19 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони чунин комиссия дар маҳал, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок доштанд. Мувофиқи рўзнома як масъала – оид ба фаъолияти комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардид. Дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳамчун котиби комиссияи вилоятӣ шунида шуд.
Қадршиносии фаъолони аксияҳо дар соли 2018
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳрибаланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии ҷавонон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 21 декабри соли равон якҷоя бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар толори коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров вохўрӣ бо омўзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
14 Декабрь 2018
Маъракаи ниҳолшинонии зимистона
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо истифода аз боду ҳавои муносиб санаи 8 декабри соли равон шанбегӣ баргузор гардид.
Ҳамагӣ дар ҳашар беш аз 7,4 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Конибодом, Ашт, Ҷ.Расулов, Спитамен, Деваштич ва Б.Ғафуров иштирок намуда, асосан ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, ҳамзамон минтақаҳо аз партовҳо тоза гардид.
Дар натиҷа 40,6 тн партовҳо ба партовгоҳҳои хоҷагиҳои коммуналии маҳаллӣ бароварда, дар маҷмуъ 1,6 хазор бех ниҳоли дарахтони санавбар, ардач, сафедор ва 0,8 ҳазор бех мевадиҳанда, 159,4 ҳазор бех гули садбарг, лола ва карамгул шинонида шуд.
Минбаъд чунин корҳои ободонӣ дар доираи 1300 рўзи меҳнати меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
08 Декабрь 2018
Баланд бардоштани дониши касбӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Санаи
5 декабри соли 2018 мувофиқи дархости сардорони шуъбаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Дар он тибқи барнома мавзуҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва тартиби баррасии парвандаҳои маъмурӣ, пешниҳоди дурусти ҷадвали санҷиши нақшавӣ, ситонидани пардохт мувофиқи шакли 11 «а», пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» ва «Барномаи рушдииқтисод барои солҳои 2016-2020», фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.02.2018, №16, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсир ба муҳити зист», ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳиҳои обанборҳои ҳавзаи Сирдарё, «Феҳристи парвандаҳои коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳо барои солҳои 2018-2020» баррасӣ гардид. Дар рафти семинар иштирокчиён ба саволҳои худ доир ба мавзуъҳои зикргардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
23 Ноябрь 2018
Соати сиёсӣ “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам”доир гардид.
Аз тарафи сармутахассиси Раёсат қайд карда шуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як санаи таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.
Вохўрӣ бо омўзгорону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии ҷавонон, санаи 20.11.2018 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо омўзгорону донишҷўён баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба ҳафтаи кафедраи маркетинг – агробизнеси факултети бизнес ва идоракунӣ, дар доираи конфронси илмию амалӣ дар мавзўи «Роғун фардои нурбори Ватан» амалӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар кори конфронс олимону устодони факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ширкат варзида, дар бораи НБО-и «Роғун» муфассал маълумот доданд.
09 Ноябрь 2018
Вохўрӣ бо омўзгорони ноҳияи Ашт
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости

Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт санаи 8 ноябри соли равон вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо 100 нафар омўзгорони фанни экология ва хонандагон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ мудири девони мушовирони шуъбаи маорифи ноҳия Ҷамолов Ш. баромад намуда, оид ба масъалаи зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон ва умуман мақсади вохўрии мазкур изҳориақида намуд. Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба муаммоҳои экологии имрўза, дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоивобастабабаланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон баромад пешкаши иштирокчиён гардид.
07 Ноябрь 2018
«Конститутсия бахтномаи миллат»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Санаи 5 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки кормандон доир гардид. Нахуст муовини сардори Раёсат ба сухан баромада, иброз намуд, ки боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти мӯътабари байналмилалӣ эътироф шудааст. Маҳз сокинони Ватани соҳибистиқлоламон бо қабули Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузоштаанд. Дигар баромад кунандагон низ оид ба арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ зоҳир гардидани он суханрони намуданд. Сокинони Ватанамон маҳз бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи худ дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Дардавоми 24 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққӣ ниҳода нишон дода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд. Ҳар як моддаи он танҳо бахотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст. Чунончӣ, дар моддаҳои 13 ва 44-и Конститутсия омадааст :
02 Ноябрь 2018
Вохӯрӣ дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Новости
Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан санаи 30 октябри соли равон вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо донишҷўён доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи коллеҷи мазкур баромад намуда, оид ба масъалаҳои экологӣ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои табиӣ, зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон изҳори ақида намуд. Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсат оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар бораи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид.


