Дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мизи мудаввар барпо гардид. Мизи мудавари мазкур дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабинҳоитатбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади шинос намудани намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада бо фаъолияти «Нозирони сабз», инчунин бо нақшаҳои минбаъдаи корӣ барои соли 2025 гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки чорабинӣ дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ташкил гардида, ба иштирокдорон дар бораи рафти татбиқи Барномаи давлатӣ дар солҳои 2021 - 2024 ва нақшаҳо барои соли ҷамъбастии 2025, презентатсияҳо доир ба фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, фаъолияти «Нозирони сабз» дар соли 2024 ва нақшаи чорабиниҳои онҳо барои соли 2025 – 2026, дар бораи эълони озмуни «Омӯзгори беҳтарини «Нозирони сабз» байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии бо раванди «Нозирони сабз» фаъолиятдошта ва Низомномаи озмун, моҳияти дарсҳои иловагӣ барои аъзоёни «Нозирони сабз» ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ маълумот пешниҳод гардид.
Мавриди қайд аст, ки озмуни «Омӯзгори беҳтарини «Нозирони сабз» аз моҳи январ то охири моҳи майи соли 2025 давом дошта, бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, ташаккули муносибати масъулиятнок ба муҳити зист ва ҷорӣ намудани принсипҳои рушди устувор равона карда шудааст.