Шўъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои об дар асоси сохтори Раёсати хифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ки бо фармоиши Раиси Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №16 аз 16.02.2012 тасдиқ шудааст, таъсис ёфтааст.
Шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об назорати давлатиро дар вилоят пеш мебарад.
- ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар ҳамкори бо шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо буда амалӣ месозад.
- фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муьити зист», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.