Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бобати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамкориро бо дигар сохтору ташкилот амалӣ намуда истодааст. Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд баҳри татбиқи Барномаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи II» дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид корҳои иттилоотӣ ва машваратиро дар шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуда, дар сатҳи 10 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ин шаҳру ноҳия дарсҳои иловагии экологиро ташкил намудааст.
Мувофиқи талаботи нақшаи кории лоиҳа пеш аз оғози дарсҳои иловагӣ, барои омӯзгорони 10 муассисаҳои таълимии миёнаи умумии мазкур бо ҷалби экспертҳо бояд семинари омӯзишӣ гузаронида шавад. Бо ин мақсад санаҳои 6 - 7 январи соли 2022 дар толори ташкилоти ҷамъиятӣ семинар – тренинги омӯзишӣ «Ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагии интерактивӣ оид ба экология» баргузор гардид. Дар кори семинар сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ширкат варзида, дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ» баромад ва суханронӣ намуд. Ҳамзамон, дар рафти семинар - тренинг презентатсияҳо дар мавзўҳои «Ташкил ва баргузории дарсҳои иловагӣ оид ба бехатарии экологӣ дар мактабҳои шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров», «Муаррифии раҳнамо оид ба таълими иловагии экологӣ», «Муаррифии фаъолияти Маркази Орхус ва барномаи Патрули сабз», «Истифодаи усулҳои интерактивии таълим», «Мавзӯи об аз рӯи раҳнамо», «Мавзӯи партовҳо аз рӯи раҳнамо» ва «Бехатарии радиатсионии экологӣ аз рӯи раҳнамо» пешкаши иштирокдорон гардид. Рўзи дуюми семинари омӯзишӣ бо мақсади шиносоӣ бо кори ВАО барои шунавандагон вохӯрии сайёр дар КВДК «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд. Инчунин «мастер–класс» оид ба истифодаи дубораи партовҳо, «мастер–класс» оид ба фикрронӣ, ки ба рушд равона гардидааст, кор дар гурӯҳҳои хурд оид ба коркарди «Нақшаи амалиёт» ва дигар амалҳои ба кори семинар мусоидаткунанда гузаронида шудааст. Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои амалӣ намудани фаъолияти минбаъда оид ба беҳбудии вазъи иҷтимоию экологии минтақа ва ҳифзи муҳити зист ҳамкории судмандро бо дигар ташкилоту сохторҳо, муассисаю идораҳо, аз он ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд мунтазам идома медиҳад.