Баҳри иҷрои барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар асоси нақша чорабинии бахш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 шаҳри Истиқлол омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии ҶТ қироат гардид, ташкил ва гузаронида шуд. Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол ба хонандагон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, аз он ҷумла дар бораи тағйирёбии иқлим, дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро маънидод намуд.
Добавить комментарий