Санаи 16 феврали соли равон бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва таъмини иҷрои талаботи бандҳои нақшаи чора-биниҳои «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қодирҷонзода А.Қ. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Намояндаи Раёсати Агентӣ зимни баромади худ оиди моҳият, самтҳои асосӣ ва амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия, пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикорупсионии аҳолӣ сухан намуда, қайд кард, ки хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонун-гузорӣ фаъолият намуда, таъмини иҷрои стратегияи мазкур тибқи талаботҳои қонунҳои амалкунанда ҷиддӣ ба роҳ монда шавад. Дар интиҳои вохӯрӣ кормандони Сарраёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят
Добавить комментарий