Айни замон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ин ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъба ва зерсохторҳои сарраёсат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ доир гардида истодааст. Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат давоми ду шабонарӯз амалиёт гузаронида натиҷаҳои муайян ба даст оварданд. Амалиёти аввал дар минтақаи Қатағани обанбори Баҳри Тоҷик баргузор гардида, санад тартиб дода шудааст ва 300 метр тӯри бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд. Амалиёти дигар дар минтақаи Ҷаҳонзеби обанбори Баҳри Тоҷик гузаронида шудааст. Дар натиҷа, барои сайди ғайриқонунии моҳӣ ду нафар сокинони деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Юлдошев Х. ва Эргашев Ф. боздошт гардиданд. Нисбати 15 сар нуқрамоҳии ғайриқонунӣ сайдгардида маводи зарурӣ дар ҷояш тартиб ёфта, зарари ба табиат расонидашуда 960 сомонӣ муайян шудааст. Ҳамчунин қаиқи резинӣ муваққатан мусодира гардида, ҷиҳати чораандешӣ мавод ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуд.
Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик
Добавить комментарий