Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард. Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад. Дар байни онҳо намудҳои нодир ва эндемӣ хеле зиёданд. Наздик 320 намуди растаниҳои гулдор (13% миқдори умумии наботот) танҳо дар вилояти Суғд ба назар мерасанд ва мавзеи паҳншавии онҳо аз ҳудуди вилоят намебароянд. Зиёда аз ин, дар вилояти Суғд олами гуногуни ҳайвонот макон гирифтааст, ки дар байни онҳо намудҳои нодир ва камёб ба монанди моҳии белбинии Сирдарё аз қабили моҳиҳо, геккончаи зиреҳпӯш ва калтакалоси алои фарғонагӣ аз синфи хазандаҳо, лаклаки сафед ва тазарви Сирдарёӣ аз синфи паррандаҳо, шомгардаки зардранг ва суғури Мензбир аз синфи ширхӯрон ва ғайраҳо сукунат доранд, ки аз гуногунрангии боигарии вилоятамон шаҳодат медиҳад.
22 май- Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ
Добавить комментарий