Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона раиси ноҳия Аъзам Ализода ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Бунёд Абдумаликзода ширкат варзида, сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик гуфтанд. Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист, таъкид намуд, ки “дар партави дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ барои татбиқи сиёсати экологӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам гардидааст.” Зикр карда шуд, ки ҳамасола чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аксияҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии марбут ба баланд бардоштани маърифати экологӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор карда мешаванд.
Бунёд Абдумаликзода, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар робита ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологӣ зикр намуд, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ ин рӯз имконияти хубе мебошад. Пас аз суханрониҳо аз ҷониби раиси ноҳия ба як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои саҳми арзанда дар тозагии муҳит Сипосномаву туҳфаҳо супурда шуд. Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хусусан рӯзномаи ноҳиявии ҳизб “Нигоҳи халқ” озмуни экологии “Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст” доир гардид, ки дар он аз ҷониби аҳолӣ, омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯён доир ба ҳифзи табиат, ҳалли масъалаҳои экологӣ, саҳми Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаи Певшои миллат дар баррасии мушкилоти оби сайёра мақолаҳо ба нашр расиданд. Имрӯз ғолибони озмуни мазкур бо Диплом ва тӯҳфаву мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба ин муносибат ба як гурӯҳ омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногун Сипосномаву туҳфаҳо тақдим карда шуд. Дар охир барномаи рангини консертии кормандони бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шаҳомати хоса бахшид.