Дар шаҳри Гулистон, Макази таълимии Бонки миллӣ, дар доираи лоиҳаи минтақавии «Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва идораю ташкилоте, ки бо масоили тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат дар мавзўи «Нақши Барномаи давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим» презентатсия пешниҳод гардид, ки дар доираи он иштирокдорон бо пуррагӣ бо «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шинос карда шуданд. Умуман, мақсади асосии вохўрии иттилоотӣ ин ҳамоҳангсозии фаъолият ва рушди ҳамкорӣ байни мақомот ва сохторҳои давлатӣ, инчунин шарикони рушд буда, бо назардошти пешниҳоди иштирокчиён «Нақшаи амал» барои баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияти чораҳои пешгирии хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳия карда мешаванд.
Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим
Добавить комментарий