Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии давлатии дар пешистода ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Деҳмои ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии роҳ» баргузор гардид, ки дар рафти аксияи мазкур дар баробари кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сокинони ҷамоати деҳот, ҳамагӣ зиёда аз 110 нафар иштирок доштанд. Бо мақсади аз алафҳои бегона тоза намудани ду тарафи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, намояндагони хоҷагиҳои қади роҳ ҷойгиргардида низ фаъолона иштирок доштанд. Дар натиҷа 2,2 км ду тарафи шоҳроҳи аз алафҳои бегона ва хор, инчунин партовҳои гуногун тоза гардида истодааст ва чорабинии мазкур идома дорад. Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шудаст. Дар рафти аксия беш аз 80 нафар иштирок дошта, корҳои тоза намудани роҳ ва хати кабудизори байни роҳ, инчунин ҷуйбору атрофи он ба сомон расонида шудаст. Дар натиҷа 8 метри мукааб партовҳои гуногун интиқол ёфтааст.
Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов
Добавить комментарий