Дар толори тарабхонаи «Олимиён»-и шаҳри Конибодом вохўрии гурўҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муайян намудани мақоми ҷангалзори тўқай бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр, намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, мудир ва сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр, раис ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва намояндаи васоити ахбори омма баргузор гардид. Вохўрии мазкур барои пешниҳод намудани таклифҳо, ки ҳангоми таҳияи «Нақшаи рушди ҷангалзори тўқай дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» ба инобат гирифта мешаванд, бахшида шуд. Тибқи барнома дар рафти вохўрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар бораи мақсади таъсиси гурўҳи корӣ, раиси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Конибодом шиносоӣ бо ҳолати имрўзаи ҷангалзори тўқай ва фаъолияти худи ҷамъият, дар бораи лоиҳаи татбиқ гардидаистода раиси ТҶ «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», аз ҷониби коршинос ва мутахассис – эколог оид ба ҳолати минтақа, нақши он дар вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии аҳолии минтақа, муҳимияти нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва муаммоҳои ҷойдошта баромаду презентатсия пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, дар қисмати нақши тарафҳо дар ҳифз ва нигоҳ доштани ҷангалзори тўқай ҷиҳати фаъолияти назорати давлатӣ дар ҳифзи минтақа, аз ҷумла ҷангалзори тўқай намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ва нақши қўшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи минтақаҳои сарҳадии ҷангалзори тўқай намояндаи қисми ҳарбии сарҳадӣ баромад намуданд. Дар интиҳо саволу ҷавоб ва муҳокимаи масъалаи асосӣ, ҳамчунин пешниҳоди таклифҳо ба амал омад.