Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Рўзи Дониш сардори Сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. дар Филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иштирок дошт. Пас аз суханони ифтитоҳӣ сараввал Паёми табрикии Раиси вилоят ба кулли омўзгорону донишҷуён қироат карда шуда, қайд гардид, ки имсол Рўзи дониш дар арафаи 30 солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбияи насли оянда ва рушди маориф бениҳоят арзанда аст. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат эълон гаштани “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм фурўғи маърифат” ва “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат” баҳри вусъати фаъолияти наврасон мусоидат менамояд.
Сипас, директори Филиали Донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ Садриддинов М.И. бо суханони табрикотӣ баромад намуда, ҳадафи асосии таъсиси Филиали Донишгоҳро баҳри роҳандозӣ намудани Барномаи давлатии рушди саноат барои солҳои 2022-2026 ва татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, саноат, иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ, коммуникатсия маънидод намуд. Рафти чорабинӣ дигар масъулон ва донишҷуёни Донишгоҳ бо эҳсоси ифтихору ватандўстӣ, худшиносиву арҷгузорӣ ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баромадҳо намуда, зикр намуданд, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани хониши хубу аъло саҳми арзандаи худро мегузоранд.