Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандону ва шахсони даъват гардида маҷлиси тантанавӣ доиргардид. Аз ҷониби сардори шуъба Истамзода А.И. бо суханони ифтитоҳӣ ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида шуд. Ҳамзамон оид ба ин ҷашнҳо сардори шуъба баромад карда, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд. Инчунин қайд карда шуд, ки бо иқдому ташаббусҳои созанда ва азму иродаи қавӣ ва устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон сулҳу ваҳдат, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ таъмин гардид.
Дар навбати худ сармутахассиси шуъба Набиев М. бобати нақш ва нуфузи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои пайваста баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон ибрози ақида намуд. Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ барои саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва хизматҳои намоён дар амалӣ гардонидани сиёсати созандагию бунёдкорона кормандони собиқадори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент Пӯлодов М.Я. ва Салимов А.К. қадршиносӣ гардиданд.