Тибқи боби 5-и, банди 14-и Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаҳои Комиссияи мазкур бояд як маротиба дар шаш моҳ гузаронида шаванд.Қайд кардан ба маврид мебошад, ки санаи 7 июли соли 2022, дар Маркази бозомўзии сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят баргузор гардида буд.Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 27 декабри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи дуюми комиссияи мазкур бо иштироки муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони чунин комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо – муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд.Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар соли 2022 ва дар давраи якуним сол аз аввали қабули «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид. Бо маърўзаи асосӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А.Қ., ҳамчун муовини раиси комиссияи вилоятӣ сухан карда, дар бораи корҳои ба сомон расонида, камбудию муаммоҳои ҷойдошта маълумот пешниҳод намуд.
Ҳангоми пурсиш дар бораи фаъолият бобати татбиқи Барномаи давлатӣ муовинони сардорони Раёсатҳои маориф, фарҳанг ва кор бо занон ва оилаи вилоят, намояндаи Ситоди ҳолатҳоифавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, муовини раиси ноҳияи Айнӣ баромад карда, ҳамчунин аз ҷониби роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Ҳуҷанд барои пешравии кор пешниҳоди худ баён гардид. Дар охири ҷаласа бо мақсади вусъат бахшидан ба фаъолияти комиссияи вилоятӣ ва ҳам ба фаъолияти чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» аз ҷониби муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят Зариф Мирдадо як қатор вазифагузорӣ ба амал омад.