Дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ», ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд татбиқ гардида истодааст, бо ҷалби ризокорон, ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони идораю муассисаҳо ва васоити ахбори омма давоми соли равон дуюм маротиба аксияи экологӣ дар минтақаҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд. Дар мавзеи Хуррамдараи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо мақсади тоза намудани минтақа аз партовҳои пластикӣ дар мавсими истироҳатӣ аксияи экологӣ ташкил ва баргузор гардид. Рафти аксия хонандагону омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон ва Б.Ғафуров, ҳамчунин волонтёрон, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал, намояндагони рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», телевизиони вилояти Суғд ва хоҳишмандон аз нафароне ба истироҳат омада, дар маҷмўъ қариб 100 нафар иштирок доштанд. Мувофиқи барномаи аксия баъд аз қисми оғози чорабинӣ, иштирокдорон бо халта ва дастпушак таъмин гардида, ҳамагӣ 4 метри мукааб партовҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикию шишагӣ ва халтаҳои полиэтилении аз ҷониби истироҳаткунандагон мондарафта ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳамаи халтаҳои бо партовҳо пур гардида, бо воситаи нақлиёти боркашони хоҷагии ҷангал бароварда шуд. Дар рафти аксия гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ аз ҷониби истироҳаткунандагон хуб арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани дониши экологӣ бо ҷавонон викторина гузаронида шуд, ки дар ҳар як намуди бозӣ ва саволу ҷавоб ба ғолибон тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Боиси қайд аст, ки аз ҷониби ташкилкунандагон аз ҳама иштирокчиёни хурдсолу калонсол ва омӯзгорони ҷавони ноҳия низ бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Минбаъд, ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар ҳамкории зич бо шарики рушди асосии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят - Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» амалӣ гардидани баргузории чунин чорабиниҳо ва аксияҳои экологӣ идома меёбад.