Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштану беҳтар намудани вазъи экологии шафати роҳҳо ва шоҳроҳҳо дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Аксия тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият доир гардид. Ҷараёни аксия тоза намудани ҷӯйбор, қадди роҳҳо ва шоҳроҳҳо аз партовҳои гуногун, тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона ба иҷро расонида шуда, беш аз 109,5 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқолу ҷойгиронида шуданд. Рафти баргузории аксияҳо аз ҷониби наворбардорони телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.
Баргузории аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» дар вилояти Суғд
Добавить комментарий