Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар митақаии Зарафшон дар хиёбони А.Рӯдакии шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 55 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
Добавить комментарий