Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дастгирии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд намоишгоҳи расмҳо дар толори «Маркази Амрикоии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид. Намоишгоҳи мазкур дар натиҷаи ҳамкории семоҳаи сарраёсат, ташкилоти ҷамъиятӣ ва аксбардор Ҳошимов Ш. ба амал омада, дараҷаи афзоиши ифлосшавии муҳити зист бо партовҳои пластикӣ, инчунин сатҳи нокифояи огоҳии аҳолӣ дар робита ба ин мушкилот боиси эҷоди аксҳо ва баргузории худи намоишгоҳ гардидааст. Аз ҷониби ташкилкунандагони намоишгоҳ ва аксбардор кӯшиш карда шуд, ки тавассути камераи аксбардорӣ таъсири зараровари миқдори зиёди партовҳои пластикӣ ба ҳаёти инсон ва муҳити зист инъикос ёбад. Боиси қайд аст, ки Ҳошимов Шавкат хатмкунандаи барномаи магистр дар соҳаи аксбардории касбии Институти тарроҳии Аврупо (Мадрид, Испания), финалисти дукаратаи ниҳоии озмуни аксҳои HIPA Award (Дубай, АМА), ғолиби озмуни 4-уми байналмилалии аксҳои «Модар ва кӯдакон дар либоси миллӣ» (Маскав, Федератсияи Русия) мебошад. Дар соли 2024 ташкили чунин намоишгоҳ бо зиёд ва васеъ намудани аксҳои намоишӣ дар пойтахти ҷумҳуриамон, шаҳри Душанбе дар нақшаи ҳамкории сарраёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст.
Намоишгоҳи расмҳо - "Ҷаҳони пластикӣ"
Добавить комментарий