Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат соати сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Темирова Х. И. ва Қурбонова Д. баргузор гардид. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи Сарраёсат Султонӣ Д. зимни баромад қайд намуд, ки дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои ҳалталаби дохиливу берунӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки “Бо мақсади истеҳсоли “энергияи сабз”, рушди ”иқтисоди сабз” ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳиит зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шаванд”.
Зимни баромади худ намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд Темирова Х.И. нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дода,оид ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандустӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар ибрози андеша кард. Рафти ҷаласа бо пешниҳоди аъзоёни Ташкилоти ибтидоии “Оби тоза” ,дар асоси талаботи банди 4.4. Оинномаи ҲХДТ ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоӣ сардори Сарраёсат Холзода С.Х. интихоб гардид. Ҳамчунин 3 нафар кормандони ҷавони Сарраёсат ба сафи аъзои ҲХДТ қабул гардида, ба онҳо дафтарчаи аъзои ҳизб супорида шуд.