Баргузории вохӯриҳо оид ба масъалаҳои экологӣ

 Бо мақсади баррасии масъалаҳои экологӣ, аз он ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар зикр гардиданд, тибқи нақшаи тасдиқгаштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи масъулини дастгоҳи марказии Кумита бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилов Д. ва Муминов А., намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия, кормандони соҳаи маориф, Маркази назорати давлатии эпидемиологӣ - санитарӣ, ҷамоату шаҳракҳо, Раёсати хоҷагии манзиливу коммуналӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Кумита оид ба масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла муомилот бо партовҳо, кабудизоркунии маҳалҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, баромад намуданд.

 Ҳамчунин қайд карда шуд, ки бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист ба аҳолӣ барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишвар барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ карда мешавад. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар аксияҳои экологӣ изҳори ақида намуданд. Ҳамчунин дар МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров донишҷӯёни ихтисосҳои “экологияи умумӣ” ва “экологияи кишоварзӣ”-и факултети геоэкология ва туризм бо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Ин ташаббус дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардид. Дар кори мулоқот ба донишҷӯён муҳтавои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тоза намудани муҳити атроф аз партовҳои истеъмолӣ, кабудизоркунии мутаассили маҳал, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об, баландбардории маърифати экологии аҳолӣ шарҳ дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.