Баргузории вохӯриҳо баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» бо хонандагону омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 6 муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол ва дар 4 муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров вохӯриҳо ташкил гардид. Боиси қайд аст, ки оғоз аз соли 2022 бо аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимии мазкур ҳамкории мунтазам дар доираи амалигардонии Барномаи давлатӣ ба миён омада, як қатор чорабиниҳои гуногуни ба баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологӣ нигаронида гузаронида шудааст.

Тибқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатӣ вохӯриҳои иттилоотӣ ба баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон бахшида шуда, дар рафти чорабиниҳо ба иштирокдорон, аз ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар бораи Барнома, чунин Барномаҳои давлатии қаблӣ, муаммоҳои мубрами экологӣ, як қатор маълумоти мушаххас дар самтҳои ҳифзи ҳавои атмосфера, захираҳои об, муомилот бо партовҳо, қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист, олами ҳайвоноти нодир, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ пешниҳод гардид. Дар охири ҳар як вохӯрӣ саволу ҷавоб ба амал омада, ба саволҳои хонандагон ҷавобҳои муфассалу мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, бо мақсади ташвиқу тарғиби рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» ва минбаъд зиёд намудани теъдоди обунашавандагон иштирокчиёни вохӯрӣ бо рӯзнома шинос карда шудаанд. Ҷиҳати давра ба давра таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаҳои ҳамаи 10 мактаби мазкур барои истифода дар дарсҳо аз фаннӣ экология аз номи сарраёсат як ададӣ чунин китоб тақдим гардид.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.